беҷо

беҷо
[بيجا]
1. он ки барои истиқомат ҷой (сарпаноҳ) надорад, бехона, беманзил
2. бемаврид, бемавқеъ: хандаи беҷо
3. беҳуда, барабас; бесабаб: беҷо набудани гапи касе, беҷо набудани шубҳа ё гумони касе; чизеро аз ҷояш беҷо кардан чизеро аз ҷое ба ҷои дигар бурдан, ҷои чизеро тағйир додан, аз ҷояш ҷунбондан
◊ беҷо қадам мондан кори нодуруст кардан, бемулоҳиза кор кардан; рафтори ношоиста кардан, аз роҳи дуруст баромадан; авзои касе беҷо шудан тағйир ёфтани намуди зоҳирии касе; тағйир ёфтани ҳоли касе; дили касе беҷо шудан ниг. беҳузур (дили касе беҳузур шудан); дили касеро беҷо кардан дили касеро вайрон кардан, дили касеро беҳузур кардан; чашми касе беҷо будан аз ҳоли табиӣ баромадани нигоҳи касе; аз ҳаракат ва рафтори касе зоҳир гаштани қасди бади он; беҷо не гуфт. бад нест: одами беҷо не; хаёлаш беҷо гуфт. хаёлаш парешон, мушаввашхотир

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»